Нимсолаи аввали соли равон дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) беш аз 73,1 ҳазор тонна (6 моҳи соли 2015 - беш аз 64,3 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 13,6% бештар аст.
Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, истеҳсоли маҳсулот «дар шароити душвори моливу иқтисодии марбут ба дурӣ аз манбаъҳои ашёи хоми асосӣ, мушкили таъминот бо мавод ва дигар захираҳо, таҷҳизоти кӯҳна ва фарсудашуда ва ҳамчунин таъсири манфии буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ» ҷараён дорад.
Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти расмӣ, нимсолаи аввали соли 2016 нишондиҳандаҳои нархи алюминий дар Биржаи металлҳои Лондон (LME) ба таври назаррас коҳиш ёфта, нархи пасттарин то сатҳи 1453 доллари ИМА барои 1 тонна расидааст ва дар сурати ба ҳудуди 2 ҳазор долллари ИМА баробар будани нархи аслии металли Тоҷикистон, миёни нархи фурӯш ва арзиши аслӣ ба миқдори 400-500 доллари ИМА аз ҳар 1 тонна номувозинатӣ ба вуҷуд меояд.
«Ҳамаи ин ширкатро ба фаъолият дар реҷаи шадиди зиддибуҳронӣ, талоши зиёд ва андешидани тамоми тадбирҳои имконпазир барои амалисозии қарорҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим маҷбур месозад, ки ба барқарор намудани иқтидори истеҳсолӣ, азнавсозии фондҳои асосӣ, таъмиру таҷдиди таҷҳизоти амалкунанда, ҷорӣ сохтани технологияҳои навтарини пурсамар бо мақсади афзоиши истеҳсоли алюминий нигаронида шудааст», - гуфтанд дар ширкат.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 73,5 ҳазор тонна алюминий содирот шудааст , ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна ё худ 20% зиёдтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста