Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ният дорад, ки сиёсати боз ҳам бештари шадиди пуливу қарзиро барои нигаҳдошти қурби устувори доллари ИМА дар Тоҷикистон роҳандозӣ намояд.
Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки нисбати қурбҳои асъор Бонки миллӣ нимаи моҳи июл пешгӯиҳои худро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод кардааст.
«Пешгӯии мо хушбинона нест, қурби доллар ба гумони ғолиб поин намеравад ва мо кӯшиш мекунем, ки онро дар сатҳи ҳозира - 1 $ = 7,86 сомонӣ нигоҳ дорем. Барои ин мо захираҳо дорем, вале онро истифода намекунем. Ташкилотҳои қарзӣ захираҳои асъори худро доранд ва саривақт воридотро маблағгузорӣ мекунанд. Он бесарусомоние, ки аввали сол вуҷуд дошт, аллакай вуҷуд надорад», - иброз дошт ӯ.
Нурмаҳмадзода аз намояндагони ВАО ва иқтисодчиён даъват кард, ки дар шарҳи масоили марбут ба қурби асъор ва пешгӯиҳо эҳтиёткор бошанд, зеро ин яке аз омилҳоест, ки ба бесарусомонии вазъ дар бозори асъор боис мегардад.
Ба гуфтаи раиси БМТ, қурби мубодилаи сомонӣ бо назардошти қабули чораҳои таъсиррасон, ки ба таъмини устувории бозори дохилии асъор нигаронида шудаанд, таҳким ёфта, дар навбати худ барои тағйири устувори сатҳи нархҳо замина гузошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста