- Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) талаботи иқтисод ва тиҷоратро бо пули нақд таъмин мекунад ва аз оғози сол ҳаҷми пули нақд дар бозорро 25% зиёд кард, - иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Бино ба маълумоти раиси БМТ, ҳаҷми умумии пули нақд дар Тоҷикистон 6,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 36% зиёдтар мебошад.
«Иқтисоду тиҷорат ба ислоҳоте, ки мо аз соли гузашта мегузаронем, мутобиқ мешавад. Пеш аз ҳама, ин ба манъи пурраи истифодаи асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон дахл дорад. Акнун зимни ҳисоббаробаркуниҳо, аз ҷумла ҳангоми харидани автомашина ва манзил дар Тоҷикистон танҳо арзи миллӣ - сомонӣ истифода мешавад. Ин албатта ба талаботи зиёд ба пули миллӣ боис гардид ва бо назардошти он, мо ҳаҷми он дар гардишро афзудем, то ки талаботро қонеъ созем», - гуфт ӯ.
Нурмаҳмадзода зикр кард, ки ин механизм ҳамчунин ба Бонки миллӣ барои дар сатҳи устувор нигоҳ доштани сомонӣ кумак кард.
Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ БМТаз Фонди эмиссионӣ 2,1 млрл. сомониро ба бозор баровард, ки нисбат ба соли гузашта 1,2 млрд. сомонӣ бештар аст. Ғайр аз ин, 727 млн. сомонӣ пулҳои фарсудаву куҳнашуда аз муомилот гирифта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста