КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қатораи дизелӣ хариданист, ки ба сифати қатораи мусофиркаш дар хатсайрҳои маҳаллӣ ва наздишаҳрӣ истифода мешавад.
Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин қатора ояндаи наздик харидорӣ шуда, барои мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа - Кӯлоб, ки моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, истифода шуда метавонад.
Таъкид шуд, ки ҳамчунин дастрасии тепловози тамғаи Evolution низ ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба ҷумҳурӣ оварда мешавад. «Бо харидории воситаҳои зикршуда шароити мусофиркашонӣ беҳтар хоҳад шуд», - афзуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки айни замон айни замон техникаву таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт (парк)-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 70 вагонҳои боркаш, 421 вагонҳои мусофиркаш ва ҳамчунин 53 тепловоз иборат аст.
Қатораи дизелӣ яке аз шаклҳои ҳайати қатораҳои муҳаррикии дизелӣ буда, аз муҳаррикҳои дизелӣ энергия мегирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста