- Корхонаҳои вилояти Нижегороди Русия Тоҷикистонро бо техникаи коммуналӣ, автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ ва автомобилҳои махсус барои сохторҳои қудратӣ таъмин мекунанд, - хабар додааст рӯзи 27 июл ба журналистон муовини губернатори вилояти Нижегород Евгений Люлин.
Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаи гузашта зимни сафари кории ҳайати ҳукумат ва соҳибкорони вилояти Нижегород таҳти сарварии губернатор Валерий Шантев ба Тоҷикистон дар мавриди ин масъала тавофуқ ҳосил шудааст.
Номбурда қайд кардааст, ки бо Тоҷикистон ҳамчунин бобати таҳвили сохтори гачу картонӣ ба ин кишвар шартнома ба имзо расида, то ахири моҳи август имзои қарордод дар бораи истифодаи таҷҳизоти гидравликии истеҳсоли вилоят дар корхонаи васлу насби трамвай ва тролеейбусҳо дар Душанбе дар назар аст.
«Дар вазъи муосири иқтисодӣ ба иллати фарқияти қурбӣ саноатчиёни вилоят дар муқоиса бо дигар фармоишҳо, дар содироти маҳсулот бештар фоида ба даст оварда метавонанд. Бахусус ин барои саноати мошинсозии минтақавӣ муҳим аст, ки бо сабаби кам шудани талабот, аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ҳаҷми истеҳсолот дар он қариб 20% коҳиш ёфтаааст», - таъкид доштааст муовини губернатор.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон губернатори вилояти Нижегородро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳузур пазируфта, зимни гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла таҳкими робитаҳо миёни минтақаҳои ҳарду кишвар дар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста