Русия дар 10 кишвари дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ Хонаҳои савдои худро боз карданист.
Нашрияи «Известия» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисоди Русия дар ин робита менависад , то охири соли равон дар Австрия, Аргентина, Ветнам, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Фаронса ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ чунин хонаҳои Русия ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Дар маълумот қайд мешавад, ки зимни таҳияи Консепсияи таъсиси хонаҳои савдо дар кишварҳои хориҷӣ ба хотири пешбурди содироти маҳсулоти Русия ва бо назардошти манфиатҳои тиҷорати ин кишвар, маҳз ҳамин 10 кишвар интихоб шудаанд.
Қобили зикр аст, ки ин муассисаҳо барои содиркунандагони воқеъӣ ё имконпазири русиягӣ дар бахшҳои ҳамлу нақл, ҷойгиркунии молу маҳсулот, пешниҳоди анборҳои нигаҳдории маҳсулоту биноҳои дафтари корӣ, корҳои ташкили намоишгоҳҳо, баргузории гуфтушунидҳо ва расонидани кумаку машваратҳои ҳуқуқӣ хизматгузориҳо анҷом медиҳанд.
Ҳамчунин мебояд гуфт, сарфи назар аз вазъи рукуд дар иқтисоди Русия, ин кишвар то ҳод шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 508 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5% зиёдтар аст. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми воридоти маҳсулоти Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 473 млн. доллари ИМА ва ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба ин кишвар - каме бештар аз 35 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста