Ҳаҷми қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» қариб ба 12 млрд. сомонӣ расида, 10 млрд. сомонӣ аз он ба қарз назди Вазорати молия рост меояд, ки барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика ҷалб шудаанд.
Сардори Сарааёсати молияи ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ин қарзҳо дарозмуҳлат буда, муҳлати пардохташон 25 солро ташкил медиҳад ва масъалаи бозбинӣ (реструктуризатсия)-и онҳо айни замон дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи Р.Маҷидов, ҳаҷми умумиии қарзҳои кӯтоҳмуҳлати ширкат ба ҳудуди 2 млрд. сомонӣ расида, шират аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» - 627,2 млн. ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» - наздики 410 млн. сомонӣ қарздор аст.
«Пардохти қарзҳо ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мувофиқи ҷадвали баимзорасида амалӣ шуда, давоми нимсолаи аввал дар ҳаҷми 103,5 млн. сомонӣ қарзи ин нерӯгоҳ пардохта шуд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки ҷиҳати бозбинии қарзҳо назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ширкат ба ҷониби Эрон муроҷиат карда, ин масъала рӯзҳои наздик дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон баррасӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста