Тӯли 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 млрд. 590 млн. сомонӣ ё худ 456,3 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ сурат гирифт, ки 1,7 млрд. сомонӣ (221 млн. $)-и он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои воридшуда 142 млн. $ - ба Чин, 35 млн. $ - ба Русия, 12 млн. $ - ба Британияи Кабир ва қисмати боқимонда ба Швейтсария, Туркия ва дигар кишварҳо рост меоянд.
«Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба миқдори 28 млн. $ кам шуда, сармоягузориҳо аз ҷониби Чин афзуданд, вале ман гуфта наметавонам, ки ба чӣ миқдор. Коҳиши сармоягузориҳо аз Русия ба гумони ғолиб ба буҳрон вобаста аст», - шарҳ дод Қодири Қосим.
Зимнан зикр гардид, ки давоми нимсолаи аввали соли равон ба ҷалби сармоягузориҳо дар ҳаҷми 218 млн. доллари ИМА 4 корхона ба истифода дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста