Дар доираи сафари раҳбарияти Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ба Душанбе рӯзҳои 3-5 август дидору гуфтушуниди онҳо бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён доир гардид.
Қаблан Шӯрои Фонди авруосиёии субот ва рушди Бонки авруосиёии рушд (БАОР) барои дастгирии буҷети Тоҷикистон қарз дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморид, ки бо ду қисмат интиқол ёфта, қисмати аввал ба маблағи 20 млн. доллари ИМА ахири моҳи август - даҳаи аввали моҳи сентябр дастрас мешавад.
Роҳбари БАОР қайд кардааст, ки қарзи молиявӣ яке аз воситахои муҳими дастгирии ислоҳоти иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон аст.
Дар ин дидору гуфтушунидҳо ҳамчунин масъалаи таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи Норак баррасӣ ва қайд шудааст, ки барои комилан таъмиру азнавсозии иншооти мазкур 600 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Айни замон барои ҷалби сармоя ба ин мақсад бо ниҳодҳои молии байнулмилалии гуногун, аз ҷумла БАОР низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста