Се ташкилоти қарзии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои гуногун фаъолият доранд, тасмим гирифтаанд, ки муттаҳид шаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), Раёсати Бонк тибқи моддаи 13 Қонуни ҶТн “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бо қарори навбатии худ аз 9 августи соли ҷорӣ ба дархости ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон”, ҶСП ТҚХ “Рушди занон” ва ҶСП ТҚХ “Кишоварзон” барои муттаҳидшавӣ розигӣ дод.
Қобили зикр аст, ки дафтари асосии кории ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон” - дар шаҳри Хоруғ (ВМКБ), ҶСП ТҚХ “Рушди занон” - дар шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ва ҶСП ТҚХ “Кишоварзон” - дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод)-и вилояти Хатлон қарор доранд.
Гуфта мешавад, дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ташкилотҳои “Рушди занон” ва “Кишоварзон”, ки аз ҷониби БМТ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шуда буд, бозхонд гашта, қарори Раёсати БМТ аз 13 нобяри соли 2015 дар бораи ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон” аз эътибор соқит дониста шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон” уҳдадор карда шудааст, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста