Аз 1 июл то 5 августи соли ҷорӣ танҳо тариқи гузаргоҳи гумрукии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба Тоҷикистон 58 килову 284,6 грамм маснӯоти заргарӣ ворид шудааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, маблағи умумии боҷи ҷамъоваришуда барои анҷом додани расмиёти гумрукӣ аз воридоти ин ҷавоҳирот 552 ҳазору 180 сомониро ташкил додааст.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн вакилони палатаи поёнии парлумон аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» ҷонибдорӣ намуд а, мутобиқи он маснӯоти заргарии аз хориҷи кишвар воридшуда аз пардохти андозҳо ба арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.
Тадбири мазкур, ба андешаи муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода, ба пешгирии қочоқи воридоти маснӯоти заргарӣ ба кишвар, муомилоти коррупсионӣ дар ин самт, ҳимояи бозор аз маснӯоти пастсифати заргарӣ ва аз байн бурдани бозорҳои пасипардагии савдои ҷавоҳирот нигаронида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста