Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи ифтитоҳи хатсайрҳои нав ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи эълон мекунад. Парвозҳо ба самтҳои мазкур ҳафтае як маротиба иҷро хоҳанд гашт – Новосибирск рӯзҳои чоршанбе ва Сочи рӯзҳои панҷшанбе.
Парвози нахустин ба Новосибирск ба рӯзи 31 август ба нақша гирифта шудааст. Парвоз ба самти Душанбе-Сочи-Душанбе бошад 1 сентябр амалӣ хоҳад шуд.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Новосибирск – 20-40, вақти фурудоӣ дар Новосибирск – 00-40 ба вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймо соати 02-30 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 04-40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соатро ташкил медиҳад.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Сочи – 11-30, вақти фурудоӣ дар Сочи – 13-20 ба вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймо соати 15-00 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 20-40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соату 50 дақиқа.
Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи барқарор кардани хатсайри Душанбе-Бишкек эълон мекунад. Сомон Эйр аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон ҳафтае як маротиба – рӯзҳои якшанбе парвоз хоҳад кард, бозпас бошад парвоз шаби душанбе иҷро мегардад.
Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро карда истодааст. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста