Баъди аз аввали моҳи июли соли равон дар Қазоқистон боло рафтани нархи гази моеъ, арзиши он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 16% афзуд.
Айни замон нархи 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт 3,2 сомониро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали моҳи июл арзиши ин навъи сӯзишворӣ ба 2,8 сомонӣ баробар буд.
Қобили зикр аст, ки Қазоқистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи бозори Тоҷикистон бо гази моеъ маҳсуб меёбад. Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввал ба Қазоқистон рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, айни замон беш аз 60%-и воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон болоравии арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯшро дар пайи афзоши нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Қазоқистон аз эҳтимол дур надониста буд. Дар ҳамин ҳол, дар Хадамот болоравии босуръати нархҳоро интизорӣ надоштанд, зеро ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон аллакай ба харидории ин навъи сӯзишворӣ аз Русия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба афзоиши ҳаҷми содироти гази моеъ ба хориҷи кишвар, аз 1 июли соли равон Қазоқистон нархи онро беш аз 2 баробар боло бурд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, дар чанде аз минтақаҳои кишвар камбуди гази моеъ ба вуҷуд омада, аз ин рӯ, бо мақсади таъмини устувори бозори дохилӣ бо ин навъи сӯзишворӣ, арзиши яклухти он аз 11033 танга (32$) то ба 23106 танга (67$) боло бурда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста