Лилия Бурунчук, Директори нави минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Осиёи Марказӣ аз 11 то 12 августи соли 2016 бо мақсади муаррифии худ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Хонум Бурунчук дорои таҷрибаи зиёд дар соҳаи рушд мебошад. Ҳамчун шаҳрванди Молдова, ӯ бори аввал фаъолияти худро соли 1996 бо Бонки ҷаҳонӣ шуруъ намуда ва баъдан як қатор вазифаҳои роҳбарикунандаро дар якчанд кишвар ва минтақаи ҷаҳон ишғол намудааст. То ишғол намудани вазифаи кунунӣ хонум Бурунчук ба ҳайси Менеҷери лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи сиёсат ва хадамоти кишвар дар Вашингтон фаъолият бурдааст.
Зимни ташрифи нахустини худ ба Тоҷикистон, хонум Бурунчук бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони мансабдори воломақоми ҳукуматӣ мулоқот намуд. Ӯ ба Нерӯгоҳи барқи обии Норак ташриф овард, ки дар он ҷо дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ ду тадқиқот оид ба масоили барқарорсозӣ ва бехатарии обанбор гузаронида мешавад ва инчунин дар конфронси донорон оиди барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак иштирок кард.
«Бонки ҷаҳонӣ шарики деринаи Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи мо аз расонидани таъсири воқеӣ ба беҳсозии сифати зиндагии мардум дар Тоҷикистон иборат аст. Ман ба ҳамкории минбаъда бо Ҳукумати кишвар дар самти рушди бахши хусусӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкимдиҳии соҳаи энергетика, беҳтар намудани алоқаҳои минтақавӣ ва сармоягузорӣ ба инсон, умедвор ҳастам», - қайд намуд Лилия Бурунчук.
12 августи соли 2016 хонум Лилия Бурунчук дар конфронси донорон оиди барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак иштирок дошт, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба ҳам овардани шарикони рушд, ки дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон фаъолият мебаранд, ташкил шуда буд. Таъмини дастрасӣ ба нерӯи арзон, тоза ва устувор ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар имкониятҳои калидӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Дар вазифаи кунунии худ ба ҳайси Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистонро дарбар мегирад, хонум Бурунчук кор бо сармоягузориҳои Бонкро дар самти рушди бахши хусусӣ ва хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ, ба монанди маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома медиҳад ва ба фароҳам овардани шароитҳои беҳтари зиндагӣ барои аҳолии манотиқи шаҳрӣ ва деҳот диққатро равона месозад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста