Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» оиди бекор кардани парвозҳо аз рӯйи самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанбе эълон мекунад.
Чунин тадбир хусусияти муваққатӣ дошта, бо сабаби кам будани теъдоди мусофирон вобаста мебошад. Ширкати ҳавопаймоӣ оиди барқарор кардани парвозҳо ба Лоҳур ва ба Кобул Шуморо қаблан огоҳ хоҳад кард.
Хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоӣ қаблан маҷбур буд, ки миқдори парвозҳоро ба самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе аз ду хатсайр дар як ҳафта ба як хатсайр коҳиш диҳад. То лаҳзаҳои охирон хатсайрҳои Душанбе-Лоҳур-Душанбе рӯзҳои душанбе иҷро мегардиданд. Аммо бо сабаби камшавии теъдоди мусофирон дар ин самт, ширкати ҳавопаймоӣ маҷбур аст, ки парвозҳоро ба самти мазкур муваққатан манъ кунад.
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста