Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи сеюми Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротиро баргузор шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори суратмаҷлиси ҷаласаи дуюми Комиссия, ҳолати корҳои анҷомдодашуда дар самти таъмини либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаю содиротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба масъалаҳои рўзнома ҳисоботи роҳбарони зеркомиссияҳои соҳавӣ шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳисоботӣ «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тақвияти истеҳсоли зиёда аз 20 номгўйи маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ пешниҳод шудааст.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Комиссия, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста