Дар муқоиса бо соли гузашта тӯли 7 моҳи соли равон ҳаҷми даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон қариб 33% коҳиш ёфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-июли соли 2016 ҳаҷми даромади операторони хусусӣ каме бештар аз 800 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 67,2%-и нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.
Даромадҳо аз фаъолияти операторони хусусӣ, оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва КВД «Почтаи тоҷик» тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 892 млн. сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 29% камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон бо назардошти корбарон тариқи алоқаи мобилӣ ба миқдори 200 ҳазор нафар кам шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, ба санаи 1 июли соли ҷорӣ шумори корбарони интернет дар ҷумҳурӣ 2,8 млн. нафар ва шумори корбарони алоқаи мобилӣ - беш аз 9,8 млн. нафарро ташкил додааст, ки 4,9 млн. нафарашон корбарони фаъол мебошанд.
Дар муқоиса бо аввали сол шумори корбарони алоқаи мобилӣ ба миқдори 1,4 млн. нафар, аз ҷумла муштариёни фаъол - ба миқдори 300 ҳазор нафар кам шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста