Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) омода аст, ки дар амалисозии лоиҳаҳо бо воситаҳои дастрасшуда аз Бонки исломии рушд (БИР) бо ширкатҳои косалтингӣ ҳамкорӣ намояд.
Тавре хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ медиҳад , БИР баҳри амалисозии лоиҳаи «Маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воситаҳои қарзӣ ва кумаки техникӣ ҷудо кардааст.
Гуфта мешавад, қисмате аз ин воситаҳо барои хизматрасонии машваратӣ, аз ҷумла гузаронидани санҷиши аудитории ҳисоботи молиявии лоиҳа ва таҳияи ҳисоботи санҷиши аудиторӣ сарф мешавад ва дар ин робита БМТ ширкатҳои машваратии дахлдорро барои иштирок дар хизматрасонӣ даъват намудааст.
Дар озмуни интихоби ширкатҳои машваратӣ ширкатҳое иштирок карда метавонанд, ки барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ, таҳияи ҳисоботи аудитории ақаллан як лоиҳаи аз ҷониби бонкҳои рушди бисёрҷониба ё ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузоришуда таҷриба дошта бошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста