Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Сарбанд ба фаъолияти сардхонаи ҶДММ «Субҳи Сарбанд» расман оғоз бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сардхона имкони нигоҳдории то 1000 тонна меваю сабзавот мавҷуд буда, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Субҳи Сарбанд» бунёд гардидааст.
Гуфта мешавад, сардхона бо технологияи муосир ба маблағи 2 миллиону 645 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он нигоҳдории маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст ва баробари ба истифода додани он 25 нафар сокинони шаҳри Сарбанд бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Зикр мегардад, ки дар шафати сардхона коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар як шабонарӯз то 1500 дона қуттӣ истеҳсол мекунад. Чунин қуттиҳои пластики қаблан аз хориҷи мамлакат бо нархи гарон ворид карда мешуд. Минбаъд хоҷагидорон имкон доранд бо нархи дастрас аз ин коргоҳ қуттиҳои пластикиро харидорӣ намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста