Ба муносибати анҷомёбии лоиҳаи сесола дар чорчӯбаи лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур ба таҳкими ҳуқуқи истифодабарии замин бо мақсади мусоидат намудан ба ташаккулёбии бозори замин дар Тоҷикистон равона гардида буд. Сафир Элизабет Миллард ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аҳмадзода ба ин ҷашнвора ҳусни оғоз бахшиданд. Намояндагони кишварҳои кӯмакрасон, шахсони расмии ҳукумат ва намояндагони дигар ҷонибҳои манфиатдор дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд.
Аз соли 2013 инҷониб лоиҳа оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон дар пешсафи талошҳои USAID дар соҳаи ислоҳоти замин қарор гирифта буд. Фаъолияти лоиҳа ба дастгирии таҷдиди сохтори хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳамкориҳои наздик бо гурӯҳи кории байниҳукуматӣ оид ба идоракунии ислоҳоти замин бо мақсади мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба таҳкими амнияти заминдорӣ барои хоҷагиҳои деҳқонию дигар истифодабарандагони замин равона шуда буд. Яке аз дастовардҳои калидии лоиҳа мусоидат намудан ба қабули қонуни нав “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” маҳсуб меёбад. Қонуни мазкур моҳи марти соли 2016 ба тасвиб расид. Ин қонун ба хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон медиҳад, ки ба сифати шахси ҳуқуқӣ эътироф гарданд ва ба деҳқонон ҳуқуқи сохтани иншоотҳои муваққатиро дар замини худ фароҳам меоварад.
Лоиҳа оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ зарфияти Ҳукумати Тоҷикистонро дар заминаи татбиқ намудани қонунгузорӣ ва сиёсати пешқадами замин бо мақсади ташкил намудани бозори амалкунандаи замин мустаҳкам намуд. Чунин бозор ҳосилнокию самаранокии заминро баланд бардошта, ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд. Инчунин, хоҷагиҳои деҳқонӣ тавассути давраҳои омӯзишии мукаммал, машваратҳои ҳуқуқӣ ва маъракаҳои иттилоотии лоиҳа дар бораи ҳуқуқҳои заминдориашон маълумот дарёфт намуданд. Ҳамчунин, барои кормандони ҳукумати маҳаллӣ, судяҳо, додситону додрасон дар чорчӯбаи лоиҳа омӯзиши техникӣ доир ба масъалаҳои ҳуқуқҳои заминдорӣ гузаронида шуд. Фаъолияти лоиҳаи мазкур ба татбиқи ҳадафи Ҳукумати ИМА ҷиҳати амалигардонии ислоҳоти муваффақи аграрӣ ва ислоҳоти сиёсати миллии кишоварзӣ дар чорчӯбаи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”* ҳиссагузорӣ намуд.
Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои сершумори мададрасон мебошад, ки аз ҷониби халқи Амрико тавассути USAID дастгирӣ шудааст. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар ш. Душанбе маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути барномаҳо ҷиҳати дастгирӣ намудани амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ҷудо намудааст.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста