Ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки аз 22-юми август то 31-уми августи соли равон дар Тоҷикистон қарор дошт, дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз ҷумла, рӯзҳои 29-31-уми августи соли равон, дар Бонки миллӣ бо иштироки роҳбарони аввали сохторҳои бахши иқтисодии ҳукумат ва ҳайати намояндагии ХБА таҳти роҳбарии муовини роҳбари идораи Департаменти кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Пол Росс мулоқоти корӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, алалхусус оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, низоми монетариву фискалӣ, таҳияи лоиҳаи барномаи механизми васеи қарздиҳии ХБА ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Зимни муҳокимаву баррасии лоиҳаи барнома қайд гардид, ки ҷонибҳо дар бештари масъалаҳо ба мувофиқа расидаанд.
Роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон ҷаноби Пол Росс дар анҷоми мулоқот изҳор дошт, ки натиҷаҳои барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон назаррас буда, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт ХБА пешниҳодҳои Тоҷикистонро ҷиҳати омода намудани барнома дар муҳлати кутоҳтарин мавриди баррасӣ қарор медиҳад.


