Тӯли 8 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи августи соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,8% баробар шудааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 0,2% зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, сатҳи таварруми солона (давоми 12 моҳи ахир) дар охири моҳи август 6,4%-ро ташкил додааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.
Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд - 7%, Бонки ҷаҳонӣ - 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор - 8,2% пешгӯӣ мекунанд.
Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.



