Дар доираи сафари расмӣ ба Озарбойҷон ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Боку бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон, зимни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров қайд кардааст, ки дар муносиботи ду кишвар ҳамкорӣ дар заминаи металлургияи ранга мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Бахши асосии мубодилаи тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷонро ашёи хом ва маҳсулоти Ширкати алюминийи Талко, ки маҳсулоташро аз корхонаҳои Ганҷа, Сумгаит ва Боку харидорӣ менамояд, ҳамчунин, ҳамлу нақли нақлиётию транзитии молҳои ин ширкат ташкил медиҳад.

Маҳсулотҳое, ки асосан гардиши молро афзун менамояд, ин маҳсулоти истеҳсолкунандаи заводи алюминии “ТАЛКО” буда, тариқи роҳҳои обӣ ва оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишварҳои Аврупо интиқол мешаванд. Барои истеҳсоли алюминий ҳамасола аз заводу ширкатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳаҷми муайян гилхок, кокс ва дигар ашёи хоми нафтӣ харидорӣ мекунад.

 Соли 2012 корхонаи гилхоки Ганҷа бо мусоидати КВД «ТАЛКО» ва ТАЛКО Менеҷмент, аллакай, истеҳсоли маҳсулоти худро ба роҳ монд. Аммо бинобар сабаби хароҷоти зиёди маҳсулоти дохилӣ нархи гилхоки Ганҷа барои истеҳсолкунандагони алюминийи тоҷик «дастнорас ва рақобатнопазир» гардид. Дар ҳолате, ки агар ҷониби Озарбойҷон имконоти коҳиши хароҷоти зиёдатии маҳсулоти дохилиро дубора баррасӣ намояд, ТАЛКО омодааст, ки ҳамкориро дар ин самт дубора барқарор созад.

Ба фоидаи тарафи Озарбойҷон аст, ки корхонаи алюминийи тоҷик блокҳои анодро барои таъмини кокси нефти озарбойҷонӣ истеҳсол намояд.

Мавриди амал қарор гирифтани ин лоиҳа имкон медиҳад, ки анодҳои дар Тоҷикистон пухташуда ба корхонаи алюминийи Ганҷа, аз ҷумла, дар шароити муҳосиботи дутарафа вобаста ба дастрасии гилхок аз Озарбойҷон интиқол дода шавад.

Ба назари мо, ин лоиҳаҳо, ки барои тақвияти ҳамкориҳои ояндаи тиҷоративу иқтисодии кишварҳои мо нигаронида шудааст, ҳам барои мо ва ҳам барои ширкатҳо фоидаи мустақим расонида метавонанд.

«Заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф дар қаламрави ҳарду кишвар мавҷуданд ва ман мутмаин ҳастам, ки аз ин имконот ба нафъи Душанбе ва Боку самаранок истифода хоҳад шуд», -гуфтааст дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.

Дар навбати худ Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев Илҳом Алиев бо таваҷҷуҳ ба ин масъала ба сохторҳои марбутаи ҳукумати ин кишвар дастур додааст, ки дар ҳаллу фасли ин масъала, ки ҳалли бевоситаи онҳо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои ҷониби Озарбойҷони ниҳоят аҳамияти аввалиндара доранд, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд.