Бо маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар заминҳои ҶДММ «Агросаноат», ки дар 70 километрии пойтахт дар ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода воқеъ аст, шинос шудем.
Муовини директори ҶДММ «Агросаноат» Умаралӣ Кенҷаев мегӯяд, имсол хоҷагиии онҳо дар майдони 212 гектар пахта кишт кардаааст.
Бригадири хоҷагӣ Нусратулло Турсунов изҳор намуд, ки ба ҷамъоварии ҳосили пахта худи деҳқонони хоҷагӣ машғул буда, навбати аввали ҷамъоварии ҳосил ба охир расидааст ва аз ҳар як гектар беш аз 30 сентнер ҳосил ба даст оварда шуда, пахта ҳоло дар майдон зиёд аст.
Ба пахтачинон барои ҷамъоварии як кило паха 50 дирам ҳақмузд пардохта шуда, бригадир ваъда дод, ки онро то 70 дирам зиёд мекунад. Музди чиниши пахта ҳар панҷ рӯз пардохт мешавад.