Камбуди буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон зиёда аз 335 млн. сомонӣ (беш аз 42 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира)-ро ташкил дод. Нақшаи пешбинишудаи даромад 12 млрд. 903 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 12 млрд. 567,8 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 97,4%-ро ташкил медиҳад.

Маъмулан ҳудуди 65% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатиро маблағҳо аз пардохти андоз ташкил дода, ҳиссаи даромадҳои ғайриандозӣ то 10% мерасад ва ҳаҷми боқимонда ба даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, даромад аз сармоя ва ғайра рост меояд.

Тамоили камбуди буҷети давлатӣ тайи ду соли ахир пайдарпай ба мушоҳида мерасад. Тӯли 11 моҳи соли гузашта аз нақшаи пешбинишуда мунтазам ба буҷет 3-4% камтар маблағ ворид мегардад.

Сарфи назар аз тавсияҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ қотеъона бозбинии нишондиҳандаҳои буҷетро рад мекард. Аммо дар моҳи охири соли 2015 ба мақомоти молия муяссар шуд, ки натанҳо ба иҷрои буҷет, балки иҷрои барзиёди он аз рӯи даромадҳо муваффақ шаванд.

Баъдан маълум шуд, ки дар ин масъала ба мақомоти Тоҷикистон Бонки осиёгии рушд ва Иттиҳоди Аврупо бо ҷудо кардани 66 млн. доллари ИМА баҳри дастгирии буҷети давлатӣ кумак кардаанд.

Соли равон «падидаҳои буҳронӣ» ҳукумати кишварро ба бозбинии нишондиҳандаҳои буҷет водор сохтанд: тобистони соли равон ҳаҷми қисмати хароҷоти буҷет 450 млн. сомонӣ камтар шуда, вале ҳаҷми қисмати даромади буҷет бетағйир боқӣ монд.