Ширкати Gazprom International (корхонаи фаръии Газпром дар хориҷи кишвар) ба роҳандозии як қатор лоиҳаҳои нави энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ карданист.
Бо ин мақсад гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба омӯзиши маводи геологӣ-геофизикӣ барои интихоби қитъаҳои нави дорои нафту газ машғул аст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Gazprom International, миёни иншооти имконпазири ояндадор, ки барои омӯзиши минбаъда баррасӣ мешаванд, конҳои нафту газ дар минтақаи ҷанубу ғарб ва шимоли Тоҷикистон зикр шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳамаи қитъаҳои пешбинишуда замони шӯравӣ захираҳои саноатии сӯзишворӣ кашф ва ҳаҷми захираҳои онҳо арзёбӣ шуда буданд.
Тибқи қарордоди ҳосилшуда зимни машварат, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ният дорад, ки ҷиҳати таҳлил маълумоти бештар дақиқу саҳеҳтари геологӣ-геофизикӣ доир ба қитъаҳои пешниҳодшуда ва ҳамчунин бастаи санадҳои зарурии меъёрӣ-ҳуқуқиро ба ихтиёри Gazprom International диҳад.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон - дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад.
Дар ҳисоботи семоҳаи ширкат зикр гардида буд, ки 18 майи соли равон Комиссияи марказӣ оид ба истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ва раёсати интиқоли иҷозатномаҳои «Газпром» «дар робита ба минбаъд ғайримақсаднок будани баргузории корҳои омӯзиши боигариҳои зеризаминӣ дар майдони Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ», оид ба супурдани иҷозатномаҳо тасмим гирифтааст.
Аммо баъдтар роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов изҳор карда буд, ки Супурдани ду иҷозатнома (дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) маънои онро надорад, ки ширкат ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон комилан хотима мебахшад. "Мо дигар шаклҳои фаъолият дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунем", - изҳор дошта буд ба «Азия-Плюс» Игор Шаталов.
Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Мебояд гуфт, айни замон дар Тоҷикистон корхонаи дигари фаръии «Газпром» - ҶДММ «Газпромнефт - Тоҷикистон» низ фаъолият дорад, ки ба таҳвил ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ машғул аст.