Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то охири соли 2019 дар бахши агарарии ноҳияи Данғара аз ҳисоби азхудкунии заминҳои лалмӣ беш аз 5 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварад.

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 22 октябр дар вилояти Хатлон бо ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» шинос шуд.

Барои амалисозии лоиҳа 575 млн. сомонӣ маблағ харҷ шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Бонки исломии рушд, Фонди Кувайт ва ҳукумати Тоҷикистон сармоягузорӣ мешавад.

Марҳилаи сеюми лоиҳаи азхудкунии заминҳои нав дар ноҳияи Данғара соли 2019 ба итмом расида, дар ҷараёни он азхудкунии беш аз 1,7 ҳазор гектар заминҳои нав пешбинӣ шудааст.

Барои азхудкунии заминҳои нав дар водии Данғара аз шоҳканали асосии таъминкунандаи ноҳия бо об истифода хоҳад шуд, ки аз обанбори Норак сарчашма гирифта, ба интиқоли ҳаҷми зарурии об қодир аст.

Афзалияти ин канал дар он аст, ки об тариқи он бидуни кумаки пойгоҳҳои обкашӣ худаш мустақилона ҷорӣ мешавад.