Дар мавзӯи гузашта мо оид ба қаллобӣ тариқи почтаи электронӣ гуфтем, имрӯз дар бораи хусусиятҳои қаллобии мобилӣ сухан меронем.
Рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ имкониятҳои навро барои рушди иқтисодӣ таъмин менамояд. Имрӯз ҳар як калонсол дар Тоҷикистон соҳиби телефони мобилӣ мебошад. Албатта, телефонҳои мобилӣ зиндагии аҳолиро осон гардонд, ба воситаи он масъалаи алоқа содда карда шудааст. Имрӯз, дастгоҳҳои мобилӣ бар замми вазифаи аввалиндараҷаи худ, шумораи зиёди вазифаҳои иловагиро низ иҷро мекунанд, ба монанди интиқоли маблағи мобилӣ, харид тавассути Интернет ва ғайраҳо.
Бино ба пешгӯии Juniper Research, дар охири соли 2017 шумораи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкдории мобилӣ зиёда аз 1 миллиард дар саросари ҷаҳон мешавад. Барои муқоиса: дар соли ҷорӣ шумораи истифодабарандагон 590 миллион нафар арзёбӣ шудааст ва рақами пешгӯишудаи 1 миллиард истифодабарандагони бонкдории мобилӣ барои 2017 сол, танҳо 15%-ро аз шумораи умумӣ дар ин муддат ташкил медиҳад. Сарфи назар аз ин, тадқиқот нишон медиҳад, ки истифодабарандагон аллакай манфиатҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ба воситаи телефонҳои мобилии худро ҳис мекунанд. Технология бонкдории мобилӣ, аллакай дар амал озмуда шуда, дар аксари минтақаҳои ҷаҳон дастрас мебошанд.
Ҳамаи ин, инчунин баъзе бартариҳои дигар ба истифодабарандагони алоқаи мобилӣ диққати қаллобонро ҷалб менамояд. Намудҳои асосии қаллобии мобилиро дида мебароем.
1. Қаллобӣ бо тӯҳфаҳо.
2. Қаллобӣ дар хизматрасонии "интиқоли мобилӣ".
3. Қаллобӣ бо хизматрасониии пулакии контентӣ.
Сенарияи бештар маъмули қаллобии мобилӣ:
- Қаллобон ба муштарии алоқаи мобилӣ занг зада (худро аз номи ширкати бонуфуз ё бонк муаррифӣ карда) дар бораи бурди онҳо хабар медиҳанд ва хоҳиш менамоянд, ки ба ҳамин рақам занг зананд, то барнома занги муштарӣ ва огоҳ будани ӯро дар бораи ғолибияташ сабт намояд. Ҳамин ки муштарӣ даъватро қабул карда ба рақами телефонӣ занг мезанад, аз ҳисоби ӯ маблағ нопадид мегардад.
Тавсияҳо:
1. Ҳеҷ гоҳ ба рақами мазкур занг назанед. Чи хеле, ки дар боло гуфтем, хавфи нобуд шудани маблағ аз телефон хеле баланд аст.
2. Ба бонк ё ташкилоте, ки аз номаш муарифӣ кардаанд тамос гирифта, оид ба занг маълумот диҳед.
3. Дар хотир доред, агар Шумо дар лотерея иштирок накарда бошед, пас бурд карда ҳам наметавонед.
- Ба муштарии алоқаи мобилӣ паёмак дар бораи бурд кардан мефиристанд ва хоҳиш мекунанд, ки барои кушодани суратҳисоб ва гузаронидани маблағи бурдшуда ба рақами муайян тариқи терминал маблағ ворид кунанд.
Тавсияҳо:
1. Ҳеҷ гоҳ ба чунин паём ҷавоб нагардонед (ба рақами нишондодашуда занг назанед). Дар ин ҳолат ҳам ҳавфи нест шудани маблағ баланд аст.
2. Дар ягон ҳолат маблағ нагузаронед.
3. Дар хотир доред, агар Шумо дар лотерея иштирок накарда бошед, пас бурд ҳам накардаед.
- Муштарӣ чунин паём мегирад:
Корти бонкии Шумо баста шудааст. Пин-код шикаста шудааст. Маълумот бо рақами +992ХХХХХХХХХ
Пас аз он, ба ӯ занг задан ё гузаронидани амалиётро тариқи банкомат, пешниҳод мекунанд.
Тавсияҳо:
1. Агар бо корти Шумо ягон ҳодиса рӯй дод, дарҳол ба бонки хизматрасон занг зада, аз ҳодиса хабардор намоед. Агар корти Шумо баста шуда бошад ё паём омада бошад, ба ваҳм наафтед.
2. Агар Шумо рақамҳои телефонии бонкро надонед ё онҳоро фаромӯш кардаед, дар хотир доред, ки он рақамҳо дар банкоматҳо навишта шудаанд. Ё аз Интернет рақамҳоро дарёбед. Билохира, хадамоти маълумотиву иттиллоотӣ (қариб ҳамаи операторҳои мобилӣ ин гуна хизматрасонӣ доранд).
3. Агар имконият дошта бошед, худ ба бонк рафта, ҳамаи масъалаҳои марбут ба кортҳои бонкӣ (бастан /кушодани корт; иваз кардани пин-код ва ғайра)-ро бевосита дар бонк ҳал намоед. Агар Шумо ба бонк рафта натавонед (дар хориҷи кишвар ҳастед ва ғ.), бояд бо бонк тамос гирифта машварат гиред.
- Муштарӣ паёми чунин мегирад: “Ман ба мушкилӣ дучор шудаам ба рақами мазкур занг зан, агар рақам ҷавоб надиҳад ба он маблағ гузаронда, баъдан занг бизан”.
Тавсияҳо:
1. Ба ваҳм наафтед, чунки қаллобон айнан ҳаминро интизоранд. Аввалан кӯшиш намоед, ки бо шахсе, ки аз номаш паёмак омадааст, тамос гиред. Эҳтимол аст, ки аҳволи ӯ дуруст аст ва аз паёми фиристодашуда дарак надорад.
2. Дар ҳеҷ ҳолат ба паём ҷавоб нагардонед (ба рақами мобилии нишондода занг назанед). Дар ин ҳолат ҳам нест шудани маблағ имкон дорад.
3. Ба хадамоти муштариён занг зада оид ба паём хабар расонед.
Дар мавзӯи оянда, мо оид ба интиқоли маблағҳо сухан меронем.
Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.
Дар таҳияи иттилоот маводи таълимии: Ҳикматов У.С., Койчуева М.Т. Асосҳои саводнокии молиявӣ: маводи таълимӣ. – Б.: ДСРК, 2015. –саҳ. 147-149 истифода шудааст.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста