Дар ҷаласаи рӯзи 10 ноябр вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба сардори Сарраёсати амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Орзу Аҳмадзода бо якчанд саволи «ноқулай» муроҷиат карда, вале ба саволҳои худ посухҳои саҳеҳу мушаххас гирифта натавонистанд.
Ба гунаи мисол, вакилон ба масъалаи дар чӣ гуна ҳолат қарор доштани амволи давлатии хусуигардонидашуда, чӣ тарз ва бо кадом мақсадҳои истифода шудан ва ё аз фаъолият бозмондани онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Вакил Абдуҳалим Ғаффоров аз мансабдор пурсид, ки оё механизмҳои ба давлат баргардонидани чунин иншоот вуҷуд дорад ва намояндаи Кумитаи давлатӣ посух дод, ки ба нафъи давлат барградонидани иншооти хусусигардонидашуда мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.
Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба масъалаи марбут ба шумори иншооти давлатие, ки ҳанӯз хусусӣ гардонида нашудаанд, мароқ зоҳир намуда, О.Аҳмадзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин бора маълумоти муфассал дар даст надорад, вале таъкид дошт, ки дар кишвар ба ҷуз иншооти стратегие, ки хусусӣ гардониданашон манъ аст, аслан дигар чунин иншооти давлатӣ боқӣ намондааст.
Вақте доир ба иншооти давлатии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, сухан рафт, дар ин бора низ намояндаи Кумита маълумоти мушаххасу муфассал дода натавонист.
Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита қайд кард, ки 15 сол пеш бо истифода аз фориғболии мансабдорони тоҷик, шаҳрдории Маскав меҳмонсарои «Тоҷикистон»-ро, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ моликияти Тоҷикистон шуморида мешуд, ба тавозуни худ ворид намуд ва имрӯз Тоҷикистон барои истифодаи он иҷорапулӣ месупорад.



