Русия Созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро дар бораи ифтитоҳи намояндагиҳои хадамоти гумрук аз ҳарду ҷониб тасдиқ кард. Қонуни дахлдорро дар ин хусус санаи 22 ноябр президенти Русия Владимир Путин ба имзо расонид.

Тибқи санади интишоршуда дар портали иттиллоти ҳуқуқӣ, дар созишномаи санаи 23 сентябри соли 2015 дар Душанбе баимзорасида ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русия дар Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Русия пешбинӣ шудааст.

«Ин ба зарурати беҳбуди сатҳи ҳамкории хадамотҳои гумруки Русия ва Тоҷикистон барои такмили алоқаи нақлиёти мусофирбар ва боркаш, таъмини дуруст ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва пешгириву тафтишоти муштараки қонуншиканиҳои гумрукӣ нигаронида шудааст», - омадааст дар маълумот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, барои амалисозии созишномаи мазкур аз буҷети федералӣ хароҷоти иловагӣ талаб карда намешавад.

Қобили зикр аст, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҶТ, тӯли 10 моҳи соли равон ҳаҷми мумилоти молӣ миёни кишварҳо 868 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.