Дар мавзӯи гузашта, мо оид ба интиқоли маблағҳо гап задем, имрӯз дар бораи бюджети оилавӣ, чӣ гуна ба нақша гирифтан ва муҳимияти  он сухан меронем. Чи гуна онро ба таври дуруст тартиб диҳем? Банақшагирӣ чӣ манфиат дорад?

Оё шумо пай бурдаед, ки баъзе одамон бе талошҳои зиёд, метавонад натанҳо бо даромади худ зиндагӣ кунанд, балки пасандоз ҳам дошта бошанд ва баръакс баъзеи дигарон шабу рӯз талош доранд, аммо даромадашон ба ҳеҷ чиз намерасад, агарчи даромади гурӯҳи якум ва дуюм баробар аст. Гап дар  он аст, ки гурӯҳи якум даромад ва хароҷоти худро ҳисоб мекунанд, дар ҳоле ки дигарон ба муҳим будани банақшагирии қисми молиявии ҳаёт аҳамият намедиҳанд. Барои ба тартиб овардани тарафи молиявии ҳайт, бояд ба нақша гирифтани бюджети шахсӣ ё оилавро оғоз кард.

Бюджети оилавӣ чӣ маъно дорад?

Бюджети оилавӣ – рӯйхати даромад ва хароҷот барои давраи муайяни вақт, ки дар шакли ҷадвал, рӯи коғаз ё ба тариқи дигар (дар бораи ин дар поён хоҳем гуфт) мувофиқи талаботи шахс омода шудааст.

Баҳисобгирии маблағҳои оилавӣ тавсия дода мешавад:

- агар Шумо хоҳед, ки маблағе ҷамъ намоед;

- агар маблағҳои худро идора кардан хоҳед;

- агар хароҷотатон зиёд бошаду фаҳмида наметавонед, ки пул ба чӣ харҷ мешавад;

- агар аз маош то маош зиндагӣ намоед.

Агар бюджет дуруст тартиб дода шавад, ҳатто бо маоши камтарин маблағи муайянеро захира кардан мумкин аст.

Чӣ тавр нақшаи дурусти бюджети оилавиро тартиб диҳем?

Дар аввал тартиб додан ва бурдани бюджети шахсӣ ё  оилавӣ осон нест. Бо назардошти чӣ қадар пул барои ғизо, пардохтҳои коммуналӣ, талаботи хонавода лозим аст, мо тақрибан хароҷоти худро ҳисоб карда метавонем. Аммо баъзан хароҷоти ғайричашмдошт ба монанди пардохти хизмати духтури дандон, сафари ғайримунтазир ва диг. пайдо мешавад. Ҳангоми баҳисобгирӣ ва банақшагирии бюджет, шартҳои асосии некӯаҳволии молиявии оиларо дар хотир доред:

1. Даромад ва хароҷоти оиларо ба ҳисоб гирифтан.

Дар дафтар, смартфон ё дар барномаи Excel будани он муҳим нест.

2. Нақшаро барои давраи муайян тартиб додан.

     Ҳафта, моҳ, семоҳа ё солона буда метавонад.

3. Амонатгузорӣ.

Аз ҳар як даромад миқдори муайяни пулро ҷудо намудан. Метавонед дар 

бонк суратҳисоб кушоед.

4. Сарфакорӣ.

    Сарфакорӣ набояд аъзоёни оиларо ба хиҷолат гузорад. Ҳама чиз бояд ҳад

    дошта бошад.

5. Дастаҷамъӣ

    Аъзоёни оила бояд дарк намоянд, ки пасандозҳои оила бояд ҳамеша зиёд

    шаванд, ҳам тавассути сарфакорӣ, ҳам аз ҳисоби афзоиши даромад ва,

    шояд, аз сармоягузорӣ.

Қисмҳои асосии бюджет аз хароҷот иборат аст ва онҳоро ба қисмҳо ҷудо намудан мумкин аст:

• ҳатмӣ

• барои таҳсили фарзандон

• барои оила

• барои худ ва ғ.

Даромадҳоро ба даромади шавҳар ва даромади зан ҷудо намудан мумкин аст. Ҷузъҳои муҳими бюджет пасандозҳову амонатҳо ба ҳисоб мераванд ва маблағи онҳо ҳар моҳ андак ҳам бошад бояд зиёд карда шавад.

Сипас даромад ва хароҷотҳои моҳи гузаштаро таҳлил намоед. Албатта, ин вақт ва таваҷҷӯҳро талаб мекунад, вале ба зудӣ Шумо ба таври автоматикӣ, ҳатто дар рӯи коғаз ҳисоб карданро ёд мегиред. Дар ҷаҳони имрӯзаи рушди технология на танҳо аз MS Word ва MS Exsel, инчунин аз барномаҳои ройгон барои телефонҳои мобилӣ истифода кардан мумкин аст.

Боз як усули самараноки бурдани бюджети оилавӣ, усули шаш лифофаҳо аст. Моҳияташ дар он аст, ки ҳар моҳ Шумо даромади худро дар лифофаҳо барои хароҷоти муайян тақсим менамоед. Бо ин усул, Шумо метавонед хароҷоти худро идора карда, маблағро оқилона ва ҳангоми зарурӣ харҷ намоед.

Ҳамин тариқ,  бо истифодаи баҳисобгирии молияи шахсӣ ё оилавӣ, барои худ як болини молиявии амниятӣ омода карда, ба ояндаи худ боварӣ пайдо мекунед. Агар Шумо оқилона ва дуруст бюджети оилавиро тартиб дода, ба он пайравӣ кунед, ҳатман ба муваффақияти моддӣ ноил мегардед.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.