Ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Йоҳаннес Лин, собиқ ноиб-Президенти бонки мазкур дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки ҳамзамон дар вазифаи мушовири сатҳи баланди Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолият намуда, вазифаи Директори иҷрокунандаи Маркази Рушди Вулфенсонро ба зимма дорад, 5 декабри соли равон ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ташрифи расмӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ибтидо меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ошно намуда, иброз дошт, ки ҳамкории судманди Бонки ҷаҳонӣ бо низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол беҳтар ва дастгирии молиявии онҳо дар ташаккулёбии сохтори бонкии мамлакат назаррас мебошад.
Зимни мулоқот ва мубодилаи афкор, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, тарафҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ ҳамкории судмандро дар сатҳи нав ба роҳ мемонанд.
Дар мулоқот намояндагони Бонки ҷаҳонӣ хонум Лилия Бурунчук - директори кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷаноби Саша Ҷумена - ҳамоҳангсози барномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хонум Патрисиа Виверс-Картер - роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
Охири ҳафтаи гузашта низ мулоқоти муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Нил Маккейн ва Роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс баргузор гардида, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи БМТ оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат карданд.
Қаблан моҳи октябр Нил Маккейн иттилоъ дода буд, ки ин ниҳодӣ молӣ дар ҳамдастӣ бо Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ барномаи ислоҳоти бахши бонкӣ ва молиявии Тоҷикистонро мавриди таҳия қарор додааст.
Ба гуфтаи Маккейн, БАТР масъалаи ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА қарз доданро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки бевосита ба дастгирии бахши бонкии Тоҷикистон равона мегардад.
Ҳамчунин доир ба ҷалби қарз аз Хазинаи байнулмилалии асъор дар ҳаҷми ним миллиард доллар аз ҷониби бахши молиявӣ-бонкии кишвар низ гуфтушунидҳо идома доранд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба мушкилоти молӣ дучор шуданд. Давоми сол ба Бонки миллии ҷумҳурӣ лозим омад, ки дар ду бонки бузрги кишвар - ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСП «Тоҷпромбонк» мавъмурияти муваққатӣ таъин кунад.
Дар дигар бонки низомсози кишвар - ҶСК «Агроинвестбонк» низ ахиран мушкилоти таъмини хизматгузории пурра ва саривақтии мизоҷон ба мушоҳида мерасад.



