Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун-Я Ходинговая Группа»-и Чин ният дорад, ки муддати се сол дар заминаи ҶСК «Азот» баҳри корҳои азнавсозӣ ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанд 360 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намояд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати зикршуда дар ин хусусро ба имзо расонид, ки мутобиқи он навбати аввали корхонаи истеҳсоли аммиак бо иқтидори солонаи 120 ҳазор тонна ва карбамид дар ҳаҷми 200 ҳазор тонна 1,5 соли наздик мавриди истифода қарор гирифта, баъди се сол ҳаҷми истеҳсоли аммиак - то 300 ҳазор тоннна ва карбамид - то 500 ҳазор тонна дар як сол расонида мешавад.

Ҳаҷми сармояи оинномавии корхонаи оянда, ки дар заминаи он ҶСК «Нуриҳои Осиё» таъсис дода мешавад, 720 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Муддати 10 соли аввали фаъолияти корхона 50%+1 саҳмияҳои он ба ҷониби Чин тааллуқ дошта, сипас ба ихтиёри Тоҷикистн супурда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба карбамид айни замон 360 ҳазор тоннаро ташкил дода, он ҳамасола ба маблағи 50 млн. доллари ИМА аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

Корхона аз ҷониби мутахассисону коргарони Тоҷикистону Чин бунёд гардида, дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа шумори коргарон аз ду ҷониб баробар (50% ба 50%) буда, баъди 5 соли кори корхона шумори коргарону мутахассисон ба беш аз 1 ҳазор нафар мерасад, ки 90%-ашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.