Низоми федералии захиравии ИМА бори нахуст дар соли 2016 ҳаҷми фоизи маблағҳои қарзии федералиро аз 0,25-0,5 то 0,5-0,75 дарсади солона боло бурдааст.
Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Reuters, сабаби ин иқдом коҳиши сатҳи бекорӣ дар ИМА ва афзоиши таваррум гуфта мешавад, ки ба интизориҳои шумори зиёди иқтисодшиносон ва иштирокдорони бозор рост омадааст.
Гуфта мешавад, ин ниҳод ҳамчунин 3 ҷаҳиши умдаи фоизҳоро дар соли 2017 пешбинӣ мекунад, на ду ҷаҳиш ки пештар интизор мерафт. Ҳаҷми пешини фоизи бонкӣ аз моҳи декабри соли 2015 ба ин сӯ нигаҳ дошта мешуд. Он замон ҳаҷми фоизи бонкиро тайи 9 сол бори нахуст соли 2006 боло бурда буданд.
Ба гуфтаи бархе коршиносон, болоравии фоизҳои бонкӣ ба коҳиши нархи нафт ва беқурбшавии рубл дар ояндаи миёнамуҳлат сабаб хоҳад шуд. Баъди эълони ин тасмими Низоми федеролии захиравии ИМА арзиши доллар дар биржаи Москва 1,7% боло рафтааст.



