Расо 60 сол қабл, 15 декабри соли 1956 гидроагрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии “Дӯстии халқҳо”-и Қайроққум мавриди истифода қарор гирифт.

“Имрӯз ҳамаи 6 агрегати мавҷудаи ягона нерӯгоҳи барқи обии шимоли ҷумҳурӣ бо иқтидори пурра фаъолият дошта, дар як шабонарӯз ҳудуди 3 млн. 24 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, ки 30% аз ҳаҷми умумии талаботи вилояти Суғд ба барқро таъмин месозад”, - хиюр дода ба Азия-Плюс” директори нерӯгоҳ Файзулло Авезов.

Ба гуфтаи ӯ, нерӯгоҳи Қайроққум таъиноти дугона дорад, ки аз як тараф истеҳсоли нерӯи барқ бошад, аз ҷониби дигар, обёрӣ аст, яъне дар мавсими тобистон кишварҳои поёноб - Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ бо об таъмин мешаванд.

Директори нерӯгоҳ қайд кард, ки имрӯз сатҳи захираи оби обанбори нерӯгоҳ барои пурра кор кардани он кофӣ аст, “ҳарчанд мо ба таври назаррас камтар шудани обро интизорӣ доштем”.

Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум дар Сирдарё бунёд шуда, лоиҳакашии он соли 1940 оғоз ва соли 1967 пурра ба истифода дода шуд. Соли равон шаҳри Қайроққум ба Гулистон ва обанбори Қайроққум ба “Баҳри тоҷик” табдили ном карданд.

Соли оянда корҳои азнавсозии ду турбина (чрха)-и нерӯгоҳ дар назар аст, ки ба муҳлати истифодаашон 30 сол пур шудааст. Баҳри амалисозии ин кор Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҳудуди 75 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад.

Сарбанди нерӯгоҳ соли 1956 сохта шуда, он замон нерӯгоҳ бузургтарин дар Осиёи Миёна шуморида мешуд ва муҳлати хеле зиёд бидуни таъмиру таҷдид кор кардааст.