Тибқи таҳлилҳо интизор меравад, ки дар моҳи декабри соли равон омилҳои кӯтоҳмуддат, аз он ҷумла мавсимӣ таъсири худро ба сатҳи таваррум бештар мерасонанд.

Дар шарҳи моҳонаи сатҳи таваррум, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нашр шудааст, зикр мегардад, ки новобаста аз ин, меъёри таваррум дар интиҳои сол дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда - 7,0 фоизи солона нигоҳ дошта мешавад.

Қайд мешавад, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,6% баробар шудааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 0,4% зиёдтар аст.

Динамикаи сатҳи таваррум
аз сомонаи БМТ

Аз ҷумла моҳи гузашта, маҳсулоти ғизойӣ 0,6%, маҳсулоти ғайриғизойӣ - 0,7% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 0,5% қимат шудаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 5,8% ва сатҳи миёнаи моҳонаи таваррум дар тамоми давраи сол - 0,52%-ро ташкил додааст.

Давоми моҳҳои январ ноябри соли 2016 нарху тарифҳо ба маҳсулоти ғизойӣ ва хизматгузориҳои пулакӣ - 5,8% ва арзиши маҳсулоти ғайриғизойӣ - 5,7% боло рафтаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд - 7%, Бонки ҷаҳонӣ - 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор - 8,2% пешгӯӣ мекунанд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд