ҶСК «Агроинвестбонк» додани пули нақд дар банкоматҳои худ ва хизматрасонии кортҳои пардохтиро дар ташкилотҳои хизматрасонию савдо барқарор намудааст.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии бонк, меъёри гирифтани пули нақд дар 1 рӯз – 600 сомонӣ ва хариди молу маҳсулот тавассути кортҳои бонк номаҳдуд мебошад.
Қобили зикр аст, ки «Агроинвестбонк» яке аз чор бонкҳои Тоҷикистон мебошад, ки соли гузашта ба мушкилоти молӣ дучор шуд.
Ахири соли гузашта ҳукумати ҷумҳурӣ ба Вазорати молияи дастур дод, ки барои ин бонкҳо дар ҳаҷми 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (ҳудуди 490 млн. $ тибқи қурби ҳозира) коғазҳои қиматнок ҷудо намояд.
Дар сурати зарурат бонкҳо векселҳои аз Вазорати молия гирифтаашонро дар Бонки миллии Тоҷикистон ба пули нақд табдил дода метавонанд. Коғазҳои қиматнокро бонкҳои дучори мушкилот ба муҳлати 5 сол бо 2%-и солона таҳти гарави дороиҳои худ мегиранд.
Ба рӯйхати дороиҳои «Агроинвестбонк» дар маҷмӯъ 730 иншооти дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷойгиршуда, аз ҷумла бинои Сарбонк, 60 филиал ва 5 маркази хизматгузорӣ дохил шудаанд.
Ҳамчунин минтақаҳои истироҳату фароғат дар дараи Варзоб, иқтидорҳои гуногуни хурди истеҳсолӣ, фермаву анбор, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориву таъмири воситаҳои нақлиёт, марказҳои савдо, мағоза, дорухона, қаҳвахона, марказҳои хизматрасонии маишӣ, хона ва манзилҳои сершумор низ ба ин бонк мутааллиқанд.
Даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.
Дар маҷмӯъ ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) векселҳо пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» - 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» - 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» - 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегиранд.