Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар соли 2025 ҳаҷми содироти меваи тару тозаро ба 30 ҳазор тонна расонида, беш аз 8 миллион доллар фоида ба даст орад. Дар Тоҷикистон бино ба маълумоти 9 моҳи аввали соли 2024  зардолу, ангур ва олу иқтидори баланди содиротӣ нишон додаанд. Дар ин мавод 7 меваеро ҷамъ овардем, ки дар нӯҳ моҳ аз ҳама беш содирот шудаанд.

1. Зардолу

Ҳаҷми содирот: 4,8 ҳазор тонна

Даромад: 2 миллион доллар

Зардолу ҳамчун меваи муаррифгар (визитная карточка)-и Тоҷикистон шинохта шудааст. Дар Тоҷикистон майдони зардолу 60 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз ҳар гектар 34,7 сентнер ҳосил ба даст меояд. Минтақаҳои асосии зардолупарвар вилоятҳои Суғду Хатлон мебошанд.

Махсусан, Исфара бо парвариши зардолу машҳур аст ва ҳатто дар ин шаҳр муҷассамаи зардолу вуҷуд дорад. Дар ин ҷо зиёда аз 90 навъи зардолу, аз ҷумла “Аҳрорӣ”, “Хурмоӣ”, “Кафак”, “Биногарӣ”, “Мирсанҷалӣ”, “Тоҷибой”, “Минҷур”, “Лучак”, “Ҷавазак” ва ғайра парвариш карда мешавад.

 

Зардолу
Сурат: Asia-Plus

2. Ангур

Ҳаҷми содирот: 5,4 ҳазор тонна

Даромад: 1,4 млн доллар

Майдони токзорҳои Тоҷикистон ҳудуди 39,9 ҳазор гектар буда, ҳаҷми умумии истеҳсоли он солона ба 500 ҳазор тонна мерасад. Содироти ангур дар фасли зимистон низ қатъ намегардад ва ин имкон медиҳад, ки мавқеи содиротии кишвар дар бозори байналмилалӣ мустаҳкам нигоҳ дошта шавад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 навъи ангур мавҷуд аст. Маъмултарин навъҳои ангур инҳоянд: “Ҳусайнӣ”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиш”, “Тоифӣ”, “Ҷавзак” ва ғайра. Солҳои охир парвариши навъҳои хориҷии ангур, чун “Изабелла”, “Аватар” низ дар кишвар таҷриба карда мешавад.

3. Олуболу

Ҳаҷми содирот: 3,7 ҳазор тонна

Даромад: 1,3 млн доллар

Олуболу бо рушди технологияи хушккунӣ ва афзоиши таваҷҷуҳ ба меваи хушк ба маҳсулоти маъмули содиротӣ табдил ёфт. Истеҳсолкунандаи асосии ин навъи мева вилояти Хатлон буда, онҷо зиёда аз 10 навъи ин мева парвариш карда мешавад.

4. Писта

Ҳаҷми содирот: 1,1 ҳазор тонна

Даромад: 881 ҳазор доллар

Ҳарчанд дар Тоҷикистон асосан пистазорҳои табиӣ мавҷуданд, аммо содироти он дар ҳоли афзоиш аст. Майдонҳои калони пистазор дар навоҳии Данғара, Фархор ва Ванҷ макон доранд.

Ҳар як минтақа дорои навъҳои хоси писта буда, ба шароити маҳал мувофиқ кунонда шудаанд, вале ҳосилнокии баланд надоранд.

Дар Тоҷикистон ташкили майдонҳои васеъи чормағзу писта ва парвариш дар асоси усулҳои беҳтарини хоҷагидорӣ сол аз сол беҳтар мешавад.

 

Дарахти писта
аз торнамои east-fruit.com

5. Шафтолу

Ҳаҷми содирот: 750 тонна

Даромад: 823 ҳазор доллар

Дар Тоҷикистон асосан вилоятҳои Суғду Хатлон дорои боғҳои шафтолу мебошанд. Истеҳсоли солонаи шафтолу дар кишвар ба 30-32 ҳазор тонна мерасад. Ин мева дар бозорҳои кишварҳои ИДМ серхаридор аст.

6. Гелос

Ҳаҷми содирот: 1 ҳазор тонна

Даромад: 529,2 ҳазор доллар

Гелос, ки асосан дар водиҳои Вахшу Ҳисор парвариш карда мешавад, дар низоми содиротии кишвар мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Ин мева аксаран ба Русия, Қазоқистон ва Беларус содирот мешавад.

7. Лимӯ

Ҳаҷми содирот: 495 тонна

Даромад: 145 ҳазор доллар

Лимӯпарварӣ яке аз соҳаҳоест, ки торафт дар содирот ба соҳаи перспективӣ табдил меёбад. Қисми асосии лимӯ, махсусан дар фасли зимистон, ки талабот ба меваҳои ситрусӣ зиёд аст, содир карда мешавад.

Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор гектар заминро боғҳои лимупарварӣ ишғол мекунанд, ки дар як сол беш аз 50 ҳазор тонна ҳосил ба даст меояд.

Он асосан дар ноҳияи Қумсангир парвариш карда мешавад. 90 дарсади аҳолии ин минтақа бо парвариши меваҳои ситрусӣ машғуланд. Дар ин ноҳия барои лимӯпарварӣ ва гармхонаҳо зиёда аз 100 гектар замин ҷудо карда шудааст.