Яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон - ҶСК «Агроинвестбонк» маҷбур аст, ки тақрибан 800 нафар кормандонашро ихтисор кунад. Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ин тасмимро ба зарурати солимгардонии вазъи бонк нисбат медиҳад.
Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 23 январ дар ин робита изҳор намуд, ки мувофиқи Нақшаи амали қабулшуда оид ба стратегияи солимгардонӣ, «Агроинвестбонк» бояд хароҷоташро кам кунад, аз ҷумла шумори кормандонашро низ ихтисор намояд.
«Агроинвестбонк» 800 нафар кормандонашро ихтисор карданист ва ин амалаш дуруст буда, вақте нақша қабул мешавад, табиист, ки дар мавриди иҷрои он бояд тадбирҳои мушаххас пеш гирифта шаванд», - гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввали иҷрои нақша, ки бо қарори ҳукумат қабул шудааст, бояд «хароҷоти дуюмдараҷа» кам шуда, яке аз тадбирҳои он коҳиши шумори воҳидҳои бонк, аз ҷумла филиалҳо ва дигар сохторҳо мебошад.
«Ба кормандони ихтисоршуда тавсия медиҳам, ки дар ҷойи дигар кор биҷӯянд ва агар онҳо мутахассиси хуб бошанд, дар дигар ташкилотҳои қарзӣ тариқи озмун кор ёфта метавонанд, - илова кард раиси БМТ. - Айни замон дар бахшҳои молӣ ва бонкии кишвар ба кормандони соҳибтаҷриба ниёз доранд, вале мо наметавонем ташкилотҳои қарзиро маҷбур созем, ки мутахассисони бекормондаи «Агроинвестбонк»-ро ба кор гиранд. Агар сатҳи тахассуси онҳо ҷавобгӯи талаботи бонкҳо набошад, бовр дорам, ки дар дигар ҷойҳо кор пайдо мекунанд».
ҶСК «Агроинвестбонк» ҳанӯз аввали соли 2016 ба мушкилоти камуди захираҳои молӣ дучор шуда, муштариёни бонк муддати тамоми соли гузашта ба воситаҳои худ дастрасии маҳдуд доштанд.
Як моҳ пеш ба хотири наҷоти «Агроинвестбонк», ҳукумат ба Вазорати молия дастур дод, ки ба бонк ба маблағи 1 млрд. 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок пешниҳод намояд ва таъминот бо пули нақди ин коғазҳо ба дӯши Бонки миллӣ вогузор шуд.
Мутобиқи қарори моҳи декабр аз ҷониби ҳукумат қабулшуда, «Агроинвестбонк» уҳдадор карда шуд, ки дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Бонки миллӣ дар муддати 1 моҳ Нақшаи амал оид ба стратегияи солимгардонии вазъи бонкро таҳия созад.
Бо назардошти бандҳои ин санад, бонк ба кам кардани шумори сохтор ва филиалҳои марказии худ ва мутаносибан шумори кормандон маҷбур аст.
Дар рӯйхати дороиҳои «Агроинвестбонк», ки аз ҷониби ҳукумат нашр шуд, беш аз 730 иншоот, аз ҷумла Саридораи бонк, ҳамчунин 69 филиал ва 5 маркази хизматгузории воқеъ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мавҷуданд.