Зиндагӣ ба пеш меравад ва ҳамеша тағир меёбад. Дар он бисёр воқеаҳо ба вуқӯъ мепайванданд, ки бисёре аз онҳо ба идеяи нав ниёз доранд. Чуноне ки медонед, беҳтарин идея ногаҳон пайдо мешавад: дар хона, театр, ҳангоми мутолиаи китоби шавқовар, ҳангоми сайругашт ва ҳатто дар хоб.  

Бонки Эсхата боварӣ дорад, ки байни мизоҷон ва умуман муштариёни сомона одамоне ёфт мешаванд, ки идеяҳои беҳтаринро ба вуҷуд меоранд. Ва агар ин идеяҳо ба рушди фаъолияти бонк, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ мусоидат кунанд, дучанд олиҷаноб  мешавад.

Ғоя ё ақидаи пешқадам доред? Дар сомонаи мо онро баён намоед. Барои ин ба суроғаи мазкур - www.eskhata.tj  даромада, дар саҳифаи асосӣ боби “Отправь идею”-ро пахш мекунед. Дар он маълумотҳои дархостшударо барои робитаи баръакс пур намуда, ба мо ирсол мекунед. Ҷараёни он бисёр осон ва қулай аст. Беҳтарин ғояҳо аз рӯи хулосаи комиссияи Бонки Эсхата имконияти ҷорӣ намуданро пайдо мекунанд.

Мизоҷон ва шаҳрвандони азиз! Барои мо андеша ва ақидаҳои беҳтарини шумо арзиши баланд доранд. Зеро идеяи Шумо метавонанд, ки фаъолияти Бонки Эсхатаро боз ҳам ба пешравӣ ва рушд равона карда, боз ҳам Бонки пешрафту  иноватсионӣ созад.

Бесаброна идеяҳои беҳтарини Шуморо интизорем!