Барои таъмини фаъолияти пурсамар “Агроинвестбонк” воситаҳои ниҳодҳои молиявии хориҷиро ҷалб карданист.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “Агроинвестбонк” иттилоъ доданд, бонк аллакай дар ин самт бо чанде аз сармоягузорони имокпазир аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Чин гуфтушунид дорад.
Дар бонк қайд карданд, ки айни замон дар доираи дастгирии техникии Бонки аврупоии таҷдиду рушд мушвориони ширкати байнулмилалии консалтингии Alvarez&Marsal дар бонк машғули коранд.
Ба иттилои манбаъ, дар асосии баҳодиҳӣ ба вазъи молиявӣ ва таҳлили фахолияти амалиётии “Агроинвестбонк” мушовирон нақшаи навсозӣ ва раҳбарият ба амалисозии ин тарҳ, ҳамчунин модели нави амалиёти тиҷоратиро таҳия мекунанд.
“Бо анҷоми кор мушовирон ҳуҷҷатҳои зикршударо омода карда, хулосаи худро нисбат ба роҳу воситаҳои минбаъдаи фаъолияти бонк пешниҳод мекунанд ва сармоягузорони имконпазир, ки мо бо онҳо дар робита ҳастем, дар навбати худ пеш аз сармоягузории эҳтимолӣ ба бонк, интизори хулосаҳои мушовиронанд”, - шарҳ доданд дар бонк.
Мутаносибан, гуфт дар идома манбаъ,агар сармоягузори имконпазир баъди шиносоӣ бо хулосаи мушовирон ба пешниҳоди воситаҳо тасмим гирад, шартҳои пешниҳоди сармоягузорӣ, ҳаҷми воситаҳо, шакли маблағгузорӣ ва муҳлатҳои мушаххасро муайян мебояд кард.
“Ғайр аз ин, мушвирон ҳамчунин истифодаи пурсамари воситаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба бонкро низ арзёбӣ мекунанд ва натиҷаи ин баҳодиҳӣ низ дар хулосаи хотимавии онҳо дарҷ хоҳад ёфт”, - афзуданд дар бонк.
Қобили зикр аст, ки мутахассисони ширкати консалтингии Alvarez&Marsal ҳамчунин дар дигар бонки дорои мушкилоти ҷумҳурӣ - “Тоҷиксодиротбонк” низ фаъолият доранд.
Охири моҳи майи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи имзои созишнома бо ширкати Alvarez&Marsal оид ба таҳияи тарҳи солимгардонии ду бонки низомсози кишвар - ҶСК”Агароинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” хабар дод. Зикр гардида буд, ки барои баргузрии ин корҳо Бонки аврупоии таҷдиду рушд аз лиҳози техникӣ кумак мекунад.
«Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» аз оғози соли гузашта аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ назди мизоҷон баромада наметавонанд. Маъмурияти муваққатии БМТ соли гузашта ба ислоҳи вазъ дар ин бонкҳо шурӯъ карда, ҳукумат низ ба ин бонкҳо ҷиҳати ислоҳи вазъ дар маҷмӯъ 3 млрд. 320 млн. сомонӣ кумак кард.
Alvarez & Marsal (A&M) яке аз ширркатҳои пешсафи ҷаҳон дар соҳаи идораи зиддибуҳронӣ, лоиҳаҳо оид ба бозсозӣ, муфлисшавӣ ва беҳбуди самаранокии амалиётӣ мебошад. Ширкат дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Шарқи Наздик, Осиё ва Амрикои Лотинӣ кор мекунад.