Бонки милли Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими низоми бонкии кишвар ва рушди миёнравии молиявӣ дар дурнамои миёнамуҳлат як қатор тадбирҳоро амалӣ карданист.
Аз ҷумла таҳкими ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, тақвияти боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолии кишвар ба нақша гирифта шудааст.
«Ҷиҳати таъмини суботи молиявии низоми бонкӣ ва эмин нигоҳ доштани он аз таъсири омилҳои берунию дохилӣ, татбиқи сиёсати макропруденсиалӣ ва идоракунии хавфҳо татбиқ мегардад, ки мониторинг ва назоратро аз рӯи иҷрои меъёрҳои пруденсиалӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ва коҳиш додани хавфҳои низоми бонкиро дар бар мегирад», - қайд мешавад дар Дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат.
Дар ин ташаббусҳои Бонки миллӣ «такмил додани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои беҳтар намудани устувории низоми бонкӣ ва роҳандозии сиёсати макропруденсиалӣ ва идоракунии хавфҳои низоми бонкӣ» пешбинӣ шудааст.
Вобаста ба ин, ҷиҳати дастрас гардидани устувории низоми бонкии кишвар ва рушди миёнравии молиявӣ, дар Бонки миллӣ дар давраи миёнамуҳлат (солҳои 2018-2020) татбиқи татбиқи як қатор тадбирҳоро мувофиқи мақсад медонанд, ки ба «таҳкими низоми бонкӣ ва рушди миёнравии молиявӣ» мусоидат мекунанд.
Такмил додани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои беҳтар намудани устувории низоми бонкӣ, пурзӯр ва самарабахш гардонидани назорати низоми бонкӣ, андешидани чораҳо барои баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, беҳтар намудани услуби баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳо, вусъат додани фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд тариқи гузаштан аз миқдор ба сифат ва ғайра аз ҷумлаи чунин тадбирҳо унвон шудааст.
Дар баробари дигар тадбирҳои сершумор, ки амалисозиаш ҳамин сол ва ду соли наздик тарҳрезӣ шудааст, ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатцои истеъмолкунандагони
хизматрасониҳои низоми бонкӣ, тақвияти боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолии кишвар низ дар назар дошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки низоми бонкии Тоҷикистон муддати се сол аст, ки давраҳои душворро паси сар мекунад: иҷозатномаи чанде аз бонкҳо бозхонд шуда, айни замон ҷараёни барҳамдиҳии онҳо идома дорад, баъзе аз дигар бонкҳои низомсози кишвар дар вартаи муфлисшавӣ қарор доранд. Аксари мизоҷони ин бонкҳо то ҳол маблағҳои амонатгузоштаи худро баргардонида наметавонанд. Табиист, ки чунин вазъ ба эътимоди умумии мардум ба низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонид.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста