Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун омили рушди фаъолияти корӣ» Конфронси шашуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия доир мегардад.
Конфронс аз ҷониби Вазоратҳои рушди иқтисоди ҳарду кишвар бо дастгирии Фонди «Росконгресс» гузаронида мешавад.
Дар доираи барномаи кории Конфросн баргузории мизҳои гирд оид ба мавзӯъҳои марбута ва биржаи робитаҳои корӣ барои иштиркочиён дар назар буда, бо иштироки намояндагони дастгоҳҳои Президентҳои Русия ва Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, доираҳои корӣ, корхонаву ташкилотҳо ва намояндагони васоити ахбори умум ҷаласаи умумӣ (пленарӣ) доир мегардад.
Зимни кори конфронс масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни минтақаҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, рушди робитаҳои гуманитарӣ, саноат ва зербинои нақлиёт, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ҳамчунин имзои созишномаҳо, аз ҷумла қарордоди содиротӣ байни ҶДММ «Трактор» ва ҶДММ «Сароб» (оид ба тракторҳои хурд ва таҷҳизот) ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Палдлатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва вилояти Липетски Русия дар назар аст.
Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби кори конфронс доир ба мавзӯъҳои «чӣ гуна ба бозори Тоҷикистон мебояд ворид шуд» ва «чӣ гуна ба пешбурди маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Русия метавон даст ёфт» машғулиятҳои намояндагони муваффақи ин соҳаҳо баргузор мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста