Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20% ё худ 353 млн. доллар зиёдтар аст.
Давоми моҳҳои январ-июни соли 2018 ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ 528,3 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 15,3% ё худ 70,2 млн. доллар бештар аст.
Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ воридот ба маблағи беш аз 1,5 млрд. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 - 22,7% ё худ 283,1 млн. доллар зиёдтар мебошад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон.
Ҳамин тариқ, тавозуни савдо манфӣ ташаккул ёфта, ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 1 млрд. доллар зиёдтар мебошад.
Нишондиҳандаи рӯйпӯш кардани маблағи ҳаҷми воридот бо содирот - 35%-ро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 36% баробар буд, яъне таносуби содирот ба воридот 1% коҳиш ёфтааст.
Тоҷикистон асосан ашёи хом содирот намуда, маҳсулоти коркардшуда - қариб ҳамаи маҳсулоти зарурии тайёрро аз хориҷи кишвар ворид мекунад.
Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Русия буда, тайи 6 моҳ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия наздики 470 млн. долларро ташкил додааст.
Дар ин давра Тоҷикистон бо Қазоқистон - ба маблағи 416 млн., Чин - 316 млн. ва Ӯзбекистон - ба 128 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста