Нархҳо ба манзил дар Душанбе баъли поинравии чанд соли охир боз ба болоравӣ оғоз карданд. Дар хонаҳои баландошёнаи пойтахт имрӯз 1 метри мураббаъи манзил 626 доллар нарх дорад.
«Бино ба маълумоти мониторинги КВД «Маркази ташаккули нарх дар соҳаи сохтмон», нархи миёнаи 1 метри мураббаъи манзил дар хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе 626 долларро ташкил медиҳад», - хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 19 июл раиси Кумитаи меъмориву сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.
Зимнан зикр гардид, ки нархи 1 метри мураббаъи манзил дар хонаҳои баландошёнаи пойтахт, ки ширкати «Манзили дастрас» месозад, аз 350 то 600 долларро ташкил медиҳад.
Ӯ хотиррасон намуд, ки аввали сол арзиши миёнаи 1 метри мураббаъи манзил дар хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе аз 350 то 600 доллар нарх доштанд.
Сабаби болоравии нархи манзил дар пойтахтро раиси Кумита ба афзоиши нархи масолеҳи сохтмон, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, нисбат дод.
«Масалан, - қайд кард ӯ. - нархи арматура, ки мо аз Русия ворид мекунем, тайи соли ахир ба андозаи 2 ҳазору 150 сомонӣ барои 1 тонна қимат шуд. Ҳамаи ин ба арзиши ниҳоии манзил таъсир мерасонад».
Қобили зикр аст, ки то пойинравии нархҳо 1 метри мураббаъи манзил дар хонаҳои баландошёнаи Душанбе аз 800 то 1300 долларро ташкил медод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста