Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба автомашинаҳои боркаши раҳсипор ба Тоҷикистон, ки дар сарҳади байни Эрону Туркманистон дармондаанд, истифодаи роҳҳои дигарро барои бозгашт ба ватан тавсия медиҳад.
“Чанд рӯз аст, ки гузариши мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз ҳудуди Туркманистон маҳдуд карда шудааст. Айни ҳол дар гузаргоҳҳои сарҳадии Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистону Туркманистон нақлиёти боркаши тоҷик намегузарад”, - хабар дода мешавад дар маълумоти сомонаи Вазорати нақлиёти ҶТ.
Дар ин робита, қайд мешавад дар маълумот, аз ин хотир то ҳалли ин қазия Вазорати нақлиёт ба интиқолдиҳандагони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз дигар масирҳо, яъне тавассути ҳудуди Озарбойҷон, Қазоқистону Туркманистон истифода кунанд.
“Ин роҳ тӯлонитар назар ба роҳи Туркманистон – Ӯзбекистон - Тоҷикистон аст, вале айни ҳол ягона илоҷ ҳамин аст” – таъкид мешавад дар маълумоти Вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин бора аз ҷониби Вазорати нақлиёт ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат карда шуда, вале то ҳол аз ҷониби Туркманистон ҷавоби расмӣ наомадааст.
Тибқи баъзе маълумот, дар гузаргоҳи сарҳадии Лутфобод-Ортиқ, ки дар сарҳади Эрону Туркманистон воқеъ аст, айни замон беш аз 100 адад автомашинаҳои боркаши ба Тоҷикистон раҳсипор дармондаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста