Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Сомон Эйр” ба анҷоми парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав шурӯъ намуд. Парвоз бо хатсайри Душанбе – Жуковский – Душанбе ҳафтае се маротиба таъин шудааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти фурудгоҳи Жуковский парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешавад.
Ғайр аз ин, рӯзҳои душанбе, ҷумъа ва шанбеи ҳафта парвозҳои ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”ҳамчунин бо хатсайри Кӯлоб – Жуковский низ сурат мегиранд.
То кунун парвозҳо аз Душанбе ба Жуковский танҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии русиягӣ – “Уральские авиалинии” ва “Ют-Эйр” ба иҷро расонида мешуданд.
Баҳори ҳамин сол бинобар сабаби иҷозатнома дастрас карда натавонистани ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ ҷиҳати парвоз ба фурудгоҳи Жуковский, байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия ихтилофҳо ба вуҷуд омада, ба иҷрои парвозҳо дар чанде аз хатсайрҳо аз ҳарду ҷониб маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.
Пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ҷонибҳо ба созиш расида, аввали моҳи апрел ҳамаи маҳдудиятҳои ҷоришуда ба алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Россия ва Тоҷикистон бекор шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста