Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) паймонкорони ватаниву хориҷиро ба иштирок дар озмун оид ба омода намудани лоиҳаи ангоравии бинои нави на камтар аз 16 ошёнагии бинои нави Бонк даъват мекунад.
Хоҳишмандони иштирок дар тендер лоиҳаҳои худро бояд то рӯзи 24 октябр пешниҳод намоянд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти БМТ.
Аз рӯи лоиҳа бинои нави Бонки миллӣ бояд муосиру ҷавобгӯ ба Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва на камтар аз 16 ошёна бошад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, дар доиираи амалисозии Нақшаи генералии Душанбе бинои ҳозираи Бонки миллӣ кӯчонида шуда, ба ҷойи он гулгашт бунёд мегардад.
Сохтмони бинои ҳозираи Бонки миллӣ охири солҳои 80-ум оғоз гардида, нимаи дуюми солҳои 90-ум бинои сохтмонаш нотамомро Бонки миллӣ харидорӣ ва сохтмонашро анҷом дода, охири соли 2005 ба ин бино гузашт.
Бинои ҳозираи Бонки миллӣ дар хиёбони Рӯдакӣ майдони умумии 8,400 метри мураббаъро фаро гирифта, аз панҷ ошёна иборат ва бо таҷҳизоти муосири электронӣ таъмин аст.
Дар он 70 ҳуҷрати корӣ барои 500 нафар кормандони бонк, якчанд толорҳои бузург барои баргузории машварату маҷлисҳо, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзишӣ, толор барои истироҳати кормандон ва ошхонаи калон сохта шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста