Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯии суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро то охири ҳамин сол ва соли 2019 ба 1 банди фоизӣ – то 5% зиёд кард.
Соли 2018 таҳлилгарони Хазина суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро дар сатҳи 5% пешгӯӣ мекунанд. Соли 2019 низ рушд дар ҳамин сатҳ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора дар гузориши навшудаи World Economic Outlook маълумот дода мешавад, ки рӯзи 8 октябр дар сомонаи ХБА ба нашр расид.
Дар гузориши моҳи апрели Хазина рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 4% ҳам дар соли 2018 ва ҳам соли 2019 пешбинӣ гардида буд.
Рушди аз ҳама бештар байни кишварҳои узви ИДМ дар соли 2018 ба иқтисоди Туркманистон – 6,2% пешгӯӣ мешавад.
Гуфта мешавад, соли 2018 суръати рушди иқтисоди Тоҷикистону Ӯзбекистон – 5%, Қазоқистон – 3,7%, Қирғизистон – 2,8%, Арманистон – 6%, Беларус – 4%, Молдова – 3,8%, Украина – 3,5%, Россия – 1,7% ва Озарбойҷон – 1,3%-ро ташкил хоҳад дод.
Ҳукумати ҷумҳурӣ имсол аз рушди иқтисод дар сатҳи 7% интизорӣ дорад. Иқтисодчиёни ХБА соли гузашта барои Тоҷикистон суръати рушди иқтисодро дар сатҳи 4,5% пешгӯӣ карда буданд, лекин аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 суръати афзоиши иқтисод ба 7,1% баробар шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста