Барои ба сафи давлатҳои сатҳи даромадашон паст аз рӯи ММД ба ҳар сари аҳолӣ шомил кардани Тоҷикистон 38 сол зарур аст.
Мувофиқи пешгӯиҳои Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон барои расидан ба сатҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст аз рӯи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ 38 сол лозим аст. Айни замон ҷумҳурӣ ҳоло паст аз ин сатҳ қарор дорад.
Дар гузориши таҳлилии таҳиянамудаи Хазина “Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” қайд мешавад, ки соли гузашта ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 801 долларро ташкил додааст.
Маллифони гузориш пешгӯӣ мекунанд, ки афзоиши миёнаи солонаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ давоми солҳои 2010-2023 дар Тоҷикистон 2,9%-ро ташкил хоҳад дод.
Нишондиҳандаи ҳадди даромади паст тибқи методологияи ХБА, ба 2 370 доллар ба ҳар сари аҳолӣ баробар аст.
Зинаи охир дар минтақа
Бино ба маълумоти ХБА, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дорои нишондиҳандаи пасттарин буд.
Сатҳи бештар баланди ММД нисбат ба ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон - 8 762 доллар ба қайд гирифта шудааст.
Ин нишондиҳанда дар Туркманистон - 6 643; Озарбойҷон - 4 141; Гурҷистон - 4 086; Арманистон - 3 857, Ӯзбекистон - 1 520 ва Қирғизистон - 1 208 долларро ташкил медиҳад.
ММД ва аҳолӣ
Соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 61 млрд. 93 млн. 600 ҳазор сомонӣ (беш аз 6,9 млрд. доллар бо қурби охири соли гузашта) баробар шуд. Афзоиши солонаи ММД тайи 8 соли охир ба ҳисоби миёна 6,9%-ро ташкил дод. Аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳукумат аз афзоиши ҳаҷми ММД дар сатҳи 7% интизорӣ дорад.
Аввали соли равон шумори аҳолии кишвар ба 8 млн. 931 ҳазор нафар расида, имрӯз беш аз 9 млн. нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумаоти расмӣ, шурӯъ аз соли 1998 афзоиши шумори солонаи аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна каме бештар аз 2%-ро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста